Баргузории ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба муаррифӣ ва баррасии рӯнамои дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди соҳаҳои воқеии иқтисоди миллӣ дар соли 2025 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2026-2027 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо
5 апрели соли 2024 дар доираи талаботи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 сентябри соли 2023, №78-ф дар вазорат бо иштироки намояндагони Вазорати молия, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати кишоварзӣ, Вазорати нақлиёт ва Агентии омор муаррифии рӯнамои дурнамои нишондиҳандаҳои рушди соҳаҳои воқеии иқтисоди миллӣ дар соли 2025 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2026-2027 баргузор гардид.
Ҷаласаро муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Восидиён Фарҳод Саъдулло оғоз бахшида, баён намуд, ки мақсад аз баргузории ҷаласа иҷрои сифатноки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дарёфти манбаъҳои нави рушд, самаранок ва оқилона истифода намудани иқтидорҳои мавҷуда, таъсиси корхонаҳои саноатӣ ва дар ин замина зиёд намудани ҷойҳои кории нав, бунёди нерӯгоҳҳои барқии обии хурд, офтобӣ ва бодӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ, самаранокии истифодаи заминҳои кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулотҳои кишоварзӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати роҳҳои ҷумҳурӣ, инчунин баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои нақлиётӣ ва дар маҷмӯъ таъмини шароити мусоид барои рушди соҳаҳои иқтисоди кишвар мебошад.
Ҳамзамон қайд гардид, ки ҳангоми таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар соли 2025 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2026-2027 бояд ба ҷанбаҳои сифатии рушд ва муқаррароти консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳои қабулгардидаи давлатию соҳавӣ диққати махсус дода шавад.
Дар ин раванд аз ҷониби Муовини якуми Вазири саноат ва технологияҳои нав – Қурбонзода И. Я., Муовини Вазири энергетика ва захираҳои об – Сафарзода М. Б., ва намояндагони вазоратҳои кишоварзӣ ва нақлиёт дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар соли 2025 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2026-2027 муаррифӣ карда шуд.
Баъд аз муаррифӣ нишондиҳандаҳои пешниҳодгардида мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз натиҷаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардид.