Навиди Вазорат



Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Роҳбари Авруосиёии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд вохӯрӣ намуд

.

  

15 апрели соли 2024 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Роҳбари Авруосиёии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд Вилям Томпсон баргузор гардид.

Вазири рушди иқтисод ва савдо ба мусоҳиби худ таваҷҷуҳи Ҳукумати кишварро таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ислоҳоти иқтисодӣ дар самти мутобиқ намудани фазои сармоягузории кишвар ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ қайд намуда, дастовардҳои назарраси рушди иқтисодии кишварро, аз ҷумла таъмини суръати рушди иқтисодӣ дар сатҳи 8,3 фоиз дар соли 2023 ва 7,5 фоиз дар ҳафт соли охир, нигоҳ доштани сатҳи таварррум дар сатҳи 3,8 фоиз, сохта ба истифода дода шудани ду агрегати НБО «Роғун» муаррифӣ намуд.

Ҳамзамон баён гардид, ки ҳиссаи бахши хусусӣ дар ММД беш аз 70 фоиз, қисми даромади буҷети давлатӣ 85 фоиз ва шуғли аҳолӣ наздики 90 фоиз аз ҳисоби бахши хусусӣ таъмин мегардад, ки инҳо нисбатан мусоид гардидани фазои пешбурди соҳибкорӣ ва самараи ислоҳоти иқтисодиро нишон медиҳанд.

Завқизода З. А. ба Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд барои пешниҳоди кумаки техникӣ ҷиҳати арзёбии мунтазами фазои соҳибкорию сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, муайян намудани мавқеи кишвар дар раддабандии фазои сармоягузорӣ ва арзёбии ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ дар кишвар дархост намуд.