Навиди Вазорат



Вохӯрии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Вазорати федералии Германия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд (BMZ) дар шаҳри Бонни Ҷумҳурии Федеративии Германия

.

  

17-уми апрели соли 2024 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Нуриддизода Аҳлиддин Нуриддин, намоянда аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор роҳбарону намояндагони масъули Ташкилотҳои қарзӣ бо намояндагони Вазорати федералии Германия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд (BMZ) дар шаҳри Бонни Ҷумҳурии Федеративии Германия вохӯрӣ намуданд.

Нуриддинзода А. Н. зимни суханронии худ барои маблағгузорӣ намудани “Барномаи маблағгузории занҷираи арзиши иловашуда дар соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Федеративии Германия изҳори миннатдорӣ намуд.

Қайд гардид, ки дар натиҷаи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди иқтисоди миллӣ дар соли 2023 таъмин гардида рушди воқеии он ба 8,3 фоиз баробар шуд.

Ҳамзамон қайд намуд, ки соҳаи кишоварзӣ бахши муҳимтарини иқтисоди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аҳолиро ба маҳсулоти ғизоӣ ва соҳаи саноатро ба ашёи хом таъмин менамояд. Дар соли 2023 ҳиссаи соҳаи кишоварзӣ дар сохтори маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 24,3 фоиз баробарро ташкил дод.

Дар анҷоми вохӯрӣ Нуриддинзода А. Н. қайд намуд, ки бо назардошти саҳми назаррас доштани соҳаи кишоварзӣ дар рушди иқтисоди миллӣ бо мақсади ноил гаштан ба ҳадафҳову нақшаҳои гузоштаи Ҳукумати кишвар ва дастгирии соҳаи кишоварзӣ, идома додани маблағгузории “Барномаи маблағгузории занҷираи арзиши иловашуда дар соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон” муҳим арзёбӣ мегардад.

Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва баррасии пешниҳодҳои қайдгардида баён намуданд.