Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунанда оид ба муаррифии ҳисоботи СММ дар бораи натиҷаҳои соли 2023 ва баррасии нақшаи кории солонаи Чаҳорчӯби ҳамкории СММ оид ба рушди устувор 2023-2026 баргузор гардид
17 апрели соли 2024 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, намояндагони оҷонсиҳои Созмони Милали Мутахид (СММ) - аъзои Гурӯҳҳои натиҷавии Чаҳорчӯби ҳамкории СММ оид ба рушди устувор ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунанда оид ба муаррифии ҳисоботи СММ дар бораи натиҷаҳои соли 2023 ва баррасии нақшаи кории солонаи Чаҳорчӯби ҳамкории СММ оид ба рушди устувор барои солҳои 2023-2026 баргузор гардид.
Ҷаласаро Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ва Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Парвати Рамасвами ҳамраисӣ намудаанд.
Завқизода Завқӣ Амин қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ дастовардҳои назарраси рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварро бо таҳлилҳои ҳаматарафа қайд карда, самтҳои афзалиятноки рушди соҳаҳои иқтисоди миллиро барои соли 2024 ва солҳои минбаъда муайян намуданд.
Аз ҷумла дар соли 2023 дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо оҷонсиҳои СММ ва дигар шарикони рушди кишвар рушди миёнасолонаи ММД дар сатҳи 8,3 таъмин гардида, ҳаҷми ММД нисбат ба соли 2017 1,5 маротиба зиёд шуд.
Дар соли 2023 рушди иқтисодии кишвар аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми воқеии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 12 фоиз, кишоварзӣ 9 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 22,5 фоиз, боркашонӣ 16,6 фоиз, гардиши савдо 13,4 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 14,1 фоиз ва мусофиркашонӣ 9,8 фоиз таъмин гардид.
Соли 2023 таъминот бо маҳсулоти асосии озуқавории истеҳсоли ватанӣ дар кишвар ба 85 фоиз расонида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 1991-ум бо назардошти дар ин давра аз 5 миллион ба беш аз 10 миллион расидани шумораи аҳолии кишвар ва ду баробар афзоиш ёфтани талабот ба маводи ғизоӣ 2,5 баробар зиёд мебошад.
Дар соли 2023 барои ташкили истеҳсолоти нави саноатӣ, васеъгардонии фондҳои асосӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти наву рақобатнок аз ҳисоби сармояи хориҷӣ ва маблағи корхонаҳо зиёда аз 7 миллиард сомонӣ равона гардидааст, ки нисбат ба соли 2022-юм 1,5 баробар зиёд мебошад. Ҳиссаи содирот дар гардиши савдои хориҷӣ аз 20 то 30 фоиз зиёд ва ҳиссаи воридот аз 80 то 71 фоиз кам гардид.
Дар натиҷаи тадбирҳои анҷомдодашуда сатҳи камбизоатӣ то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуда, даромадҳои пулии аҳолӣ нисбат ба соли 2017 3,3 маротиба ва шумораи соҳибкорон қариб 6 маротиба афзоиш ёфтанд.
Роҳбарони намояндагиҳои оҷонсиҳои СММ, аз ҷумла Намояндаи доимии Барномаи Рушди СММ Ленни Монтиел, Роҳбари Намояндагии Барномаи озуқаворӣ ва кишоварзӣ Олег Гучгелдиев ва дигарон натиҷаҳои фаъолияти муштарак вобаста ба натиҷаҳои ҳисоботи солонаи СММ дар 2023 ва баррасии солонаи Чаҳорчӯби ҳамкориро муаррифӣ намуда, вобаста ба ин масъалаҳо мубодилаи афкор ва таклифҳои судманд пешниҳод гардид.
Намояндагони шарикони рушд ислоҳоти иқтисодию иҷтимоии гузаронидаи Ҳукумати ҷумҳуриро бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафу афзалиятҳои стратегӣ натиҷабахш арзёбӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати афзоиш додани кумаку дастгириҳои худ дар самти таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва экологӣ баён доштанд.
Дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби Кумита муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва СММ вобаста ба масъалаҳои рузномаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳои мутақобилаи босамар бо оҷонсиҳои СММ омодагӣ изҳор гардид.