Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Роҳбари Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо (ITFC) ва Корпоратсияи Исломии Рушди бахши хусусӣ (ICD)
29 апрели соли 2024 дар доираи ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо/мудири кишварии Бонки Исломии Рушд аз Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Роҳбари Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо (ITFC) ва Корпоратсияи Исломии Рушди бахши хусусӣ (ICD) Ҳани Салем Сонбол баргузор гардид.
Завқизода З. А. имкониятҳои зиёди сармоягузорӣ ва рушди бахши хусусии кишварро муаррифӣ намуда, аз Роҳбари Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо ва Корпоратсияи Исломии Рушди бахши хусусӣ дархост намуд, ки ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, аз ҷумла тақвияти иқтидори содиротии кишвар, таъсиси корхонаҳои нассоҷӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ҳалол, марказҳои логистикӣ, рушди савдо ва сайёҳӣ, бонкдории анъанавию исломӣ ва тақвияти иқтидори бахши хусусӣ маблағгузориро зиёд намояд.
Дар навбати худ Роҳбари Корпоратсия ҷаноби Ҳани Салем Сонбол омодагии худро барои татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои қайдгардида, инчунин тақвияти ҳамкориҳои минбаъда баён намуд.
Бояд қайд кард, ки то имрӯз аз ҷониби Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи 182 млн. доллар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ шуда, айни замон 3 лоиҳа ба маблағи 18 млн. доллар амалӣ мегардад.
Ҳамзамон даъват ба амал оварда шуд, ки дар фурсати муносиб ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар намояд, ки хуш пазируфта шуд.
Дар ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири рушди иқтисод ва савдо/мудири кишварии Бонки Исломии Рушд аз Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин, муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Юсуф Хайрулло, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Каримӣ Акрам Муҳаммадрасул ва Раиси Раёсати КВД БССТ «Саноатсодиротбонк» Бобозода Ҳокимшоҳ Ҷурахон шомил мебошанд.