Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд
30 апрели соли 2024 дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо/мудири кишварии Бонки Исломии Рушд аз Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд (БИР) доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер баргузор гардид.
Завқизода З. А. қайд кард, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳо бо Гурӯҳи БИР то ба сатҳи баланд рушд ёфта, Ҷумҳурии Тоҷикистон БИР-ро ҳамчун шарики рушди боэътимод арзёбӣ менамояд.
Ҷонибҳо дар вохӯрӣ рафти иҷрои супоришҳо аз натиҷаи вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер (11 ноябри соли 2023, шаҳри Риёз) ва татбиқи силсилаи лоиҳаҳои муҳим дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, рушди инфрасохтор, маориф, тандурустӣ, обёрӣ ва дигар бахшҳои афзалиятноки иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистонро муҳокима карданд.
Бо хушнуди қайд гардид, ки рузи 27 апрели соли ҷорӣ Шӯрои Директорони иҷроияи БИР лоиҳаи маблағгузории сохтмони НБО «Роғун»-ро дар ҳаҷми умумии 550 млн. доллар, аз ҷумла 150 млн. доллар аз ҳисоби худи бонк ва боқимонда 400 млн. доллар аз ҳисоби фондҳои рушди араб қарор қабул намуд.
Завқизода З. А. ба ҷониби бонк барои чунин дастгириҳо минатдорӣ баён карда, аз Президенти Гурӯҳи БИР дархост намуд, ки ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, аз ҷумла рушди энергияи сабз, бахусус лоиҳаҳои сохтмони НБО «Роғун», роҳи Гулистон – Фархор – Панҷ - Дустӣ, ирригатсияи заминҳои кишоварзӣ, муассисаҳои таълимӣ, таъсиси корхонаҳои нассоҷӣ, истеҳсоли маҳсулоти ҳалол, марказҳои логистикӣ, рушди савдо ва сайёҳӣ, бонкдории анъанавию исломӣ, тақвияти иқтидори содиротии кишвар, бахши хусусӣ, пешгирии пайомадҳои тағйирёбии иқлим, инчунин таъмини иҷрои Стратегияи шарикии байни Тоҷикистон ва БИР барои солҳои 2023-2026 маблағгузориро зиёд намояд.
Дар навбати худ Президенти Гурӯҳи БИР омодагии худро барои зиёд намудани маблағгузории лоиҳаҳо дар самтҳои қайдгардида, инчунин тақвияти ҳамкориҳои минбаъда баён намуд.
Бояд қайд кард, ки то имрӯз аз ҷониби Гурӯҳи БИР лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи 753,4 млн. доллар дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидааст.
Илова бар ин қайд гардид, ки дар доираи Страгияи ҳамкории дуҷониба барои солҳои 2023-2026 ҷониби Гурӯҳи БИР барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки кишвар ҷудо намудани беш аз 235 миллион доллар пешбинӣ гардидааст.