Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Ноиби Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд

.

  

30 апрели соли 2024 дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо/мудири кишварии Бонки Исломии Рушд аз Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Ноиби Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд (БИР) доктор Мансур Мухтор баргузор гардид.

Завқизода З. А. қайд кард, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳо бо Гурӯҳи БИР то ба сатҳи баланд рушд ёфта, Ҷумҳурии Тоҷикистон БИР-ро ҳамчун шарики рушди боэътимод арзёбӣ менамояд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо рафти иҷрои супоришҳо аз натиҷаи вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер (11 ноябри соли 2023, шаҳри Риёз) ва татбиқи силсилаи лоиҳаҳои муҳим дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, рушди инфрасохтор, маориф, тандурустӣ, обёрӣ ва дигар бахшҳои афзалиятноки иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистонро муҳокима карданд.

Завқизода З. А. ба ҷониби бонк барои дастгириҳои доимӣ минатдорӣ баён карда, аз Ноиби Президенти Гурӯҳи БИР дархост намуд, ки ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, аз ҷумла рушди энергияи сабз, бахусус лоиҳаҳои сохтмони НБО «Роғун», роҳи Гулистон – Фархор – Панҷ - Дустӣ, ирригатсияи заминҳои кишоварзӣ, муассисаҳои таълимӣ, таъсиси корхонаҳои нассоҷӣ, истеҳсоли маҳсулоти ҳалол, марказҳои логистикӣ, рушди савдо ва сайёҳӣ, бонкдории анъанавию исломӣ, тақвияти иқтидори содиротии кишвар, бахши хусусӣ, пешгирии пайомадҳои тағйирёбии иқлим, инчунин таъмини иҷрои Стратегияи шарикии байни Тоҷикистон ва БИР барои солҳои 2023-2026 маблағгузориро зиёд намояд.

Дар охир ҷонибҳо барои пайгирии масъалаҳои қайдгардида ва густариши ҳамкориҳои минбаъда омодагии худро баён намуданд.