Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Директори иҷроияи Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф
1 майи соли 2024 дар доираи ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо/мудири кишварии Бонки Исломии Рушд аз Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Директори иҷроияи Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф Лаура Фригенти баргузор гардид.
Завқизода З. А. ба Директори иҷроияи Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф барои саҳмгузорӣ дар маблағгузории лоиҳаҳои соҳаи маорифи кишвар миннатдорӣ баён намуда, қайд кард, ки рушди соҳаи маориф дар сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, дар ин самт то имрӯз тадбирҳои назаррас амалӣ шуданд.
Қайд гардид, ки барои маблағгузории лоиҳаи маорифи Бонки Исломии Рушд «Лоиҳаи муштараки дастгирии амалинамоии Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» марҳилаи II (аз маблағи умумии 86 миллион доллар) Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф 25 млн. доллар грант саҳмгузорӣ кард.
Аз хонум Лаура Фригенти дархост гардид, ки барои рушди соҳаи маориф, бахусус сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсилот минбаъд низ саҳмгузорӣ намояд, ки хуш пазируфта шуд.