Вохӯрии Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо бо Роҳбари Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо (ITFC) ва Корпоратсияи Исломии Рушди бахши хусусӣ (ICD)
Дар ҳошияи Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд, ки рӯзҳои 2-3 майи соли 2024 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор мегардад вохӯрии Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид бо Директори Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо (ITFC) ва Корпоратсияи Исломии Рушди бахши хусусӣ (ICD) Ҳани Салем Сонбол баргузор гардид.
Дар вохурӣ Солеҳзода А. А. аз иқтидорҳои содиротии кишвар суханронӣ намуда, аз Директори ташкилоти номбурда даъват ба амал овард, ки дар самтҳои рушди занҷираҳои арзиши иловашуда дар соҳаи кишоварзӣ, соддагардонии расмиёти савдо ва сохтмони марказҳои логистикӣ, татбиқи энергияи барқароршаванда, рушди бахши хусусӣ ва тиҷорати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои афзалиятнок татбиқ намоянд.
Дар навбати худ Роҳбари Корпоратсия ҷаноби Ҳани Салем Сонбол омодагии худро барои датгирии лоиҳаҳо дар самтҳои қайдгардида, инчунин тақвияти ҳамкориҳои минбаъда иброз намуд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати боз ҳам тақвият додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида баён намуданд.