Баргузории вохӯрӣ вобаста ба масъалаи муқовимат ба коррупсия дар Вазорати рушди иктисод ва савдо
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки роҳбарияти вазорат, намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва кормандони дастгоҳи марказии вазорат вохӯрӣ ва мусоҳиба вобаста ба муқовимат ба коррупсия баргузор гардид.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд «Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад».
Дар робита ба ин Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Восидиён Фарњод Саъдулло қайд намуд, ки муқовимат ба коррупсия вазифаи ҳар як шаҳрванди мамлакат, бахусус хизматчиёни давлатӣ мебошад.
Дар ҷамъомад сарнозири Раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, капитани адлия Акрамзода Ёсуман бо кормандони дастгоҳи марказии вазорат суҳбат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронид.