Навиди Вазорат



Дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин байни Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Вазири савдои Ҷумҳурии Мардумии Чин/сарпараст оид ба гуфтушунидҳои тиҷоратӣ вохурӣ баргузор гардид

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

  

8 майи соли 2024 дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин байни Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин ва муовини Вазири савдои Ҷумҳурии Мардумии Чин/сарпараст оид ба гуфтушунидҳои тиҷоратӣ Лин Тсзи вохурӣ баргузор гардид.

Қайд гардид, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи роҳбарони ҳарду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ҳамкориҳои дуҷониба миёни ҳарду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромаданд.

Завқизода З. А. ба ҷониби Хитой барои дастгириҳои молиявӣ ва сармоягузориҳо дар лоиҳаҳои афзалиятноки кишвар минатдорӣ баён намуда, нақши Ҷумхурии Мардумии Чинро дар рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ муҳим шуморид.

Дар доираи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Чин ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати иҷрои супоришҳои роҳбарони ҳарду давлат тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

  

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное