Навиди Вазорат



Вохурии кории ғайрирасмӣ байни Вазири рушди иқтисод ва савдо ва муовини Раиси Ҳукумати ноҳияи Мухтори Синзян – Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид

.

  

9 майи соли 2024 дар шаҳри Урумчии Синзян – Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин (НМСУ) ҳангоми бозгашт аз иштирок дар ҷаласаи 13 уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Хитой вохурии кории ғайрирасмӣ байни Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ва муовини Раиси Ҳукумати НМСУ Сун Сунмей баргузор гардид.

Дар рафти вохурӣ Завқизода Завқӣ Амин имкониятҳои фаровони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои тиҷорат, иқтисод, саноат, энергетика ва кишоварзиро муаррифӣ намуд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати иҷрои супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои милллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва протоколи ҷаласаи Зеркомиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистону ноҳияи Мухтори Синзян – Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин дар самтҳои афзалиятнок, бахусус таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, неругоҳҳои барқи офтобӣ, коркарди маъданҳо, тиҷорати электронӣ, содироти молҳои ватанӣ ба НМСУ татбирҳои зарурӣ меандешанд.

Қайд кардид, ки дар соли 2023 гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо НМСУ 1,2 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022-юм 24 фоиз афзоиш ёфтааст.

Ҳамзамон Вазири рушди иқтисод ва савдо аз муовини Раиси Ҳукумати НМСУ даъват ба амал овард, ки хонум Сун Хунмей дар чорабинӣ бахшида ба ҷашни 20 солагии кушодашавии гузаргоҳи гумрукиву сарҳадии Қулма-Қарасу, ки охири моҳи май соли 2024 дар ноҳияи Мурғоб ва шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, иштирок намояд, ки хуш пазируфта шуд.