Навиди Вазорат



Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири савдо ва ҳамгироии Ҷумҳурии Қазоқистон роҳҳои афзоиш додани гардиши савдои хориҷии мутақобиларо баррасӣ намуданд

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

  

15-уми майи соли 2024 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин ва Вазири савдо ва ҳамгироии Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаноби Шаккалиев Арман Абаевич дар фазои дӯстона баргузор гардид.

Завқизода З. А. қайд кард, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни давлатҳо рушд ёфта, муносибатҳо ба сатҳи шарикии стратегӣ баромаданд.

Дар натиҷа дар семоҳаи якуми соли 2024 ҳаҷми гардиши савдои хориҷии мутақобила бо Ҷумҳурии Қазоқистон 328 миллион долларро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 миллион доллар, яъне 6 фоиз афзоиш ёфтааст.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарони ду кишвар, протоколи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ, Харитаи роҳ оид ба зиёд намудани гардиши савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон барои солҳои 2023-2024, бахусус содироти меваю сабзавот ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ тадбирҳои иловагӣ меандешанд.

Инчунин ба масъалаҳои таъсиси марказҳои тақсимоти яклухт ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои энергетика ва саноат таваҷҷуҳи хоса дода шуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои судманд баён доштанд.

  

  

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное