Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Раиси Шӯрои мунисипалии шаҳри Чэндуи Ҷумҳурии Мардумии Чин

.

  

28 майи соли 2024 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Раиси Шӯрои мунисипалии шаҳри Чэндуи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, ки дар доираи он масъалаҳои густариши ҳамкориҳо дар самтҳои рушди иқтисод, савдо, саноат ва маориф муҳокима карда шуд.

Завқизода З. А. қайд кард, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва иродаи олии сиёсии роҳбарони ҳарду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ҳамкориҳои стратегии кишварҳои мо ба сатҳи сифатан баланд баромаданд.

Зеро Чин дуюмин шарики тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар сармоягузории соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҳиссаи назаррас дорад. Дар соли 2023 гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин 1,5 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022-юм 24,2 фоиз афзоиш ёфтааст.

Дар рафти вохӯрӣ Завқизода З. А. имкониятҳои сармоягузории ҷумҳурӣ, самтҳо ва соҳаҳои афзалиятноки ҷалби сармояи хориҷӣ, аз ҷумла ба минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар ва пешниҳоди имтиёзҳои андозиву маъмурӣ барои таъсиси корхонаҳои саноатиро муаррифӣ намуда, даъват ба амал овард, ки барои сармоягузорӣ ба истеҳсоли панелҳои офтобӣ, бунёди корхонаҳои металлургӣ, маҷмааи нассоҷӣ ҷиҳати ба роҳ мондани сикли пурраи коркарди нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ, корхонаҳои фармасевтӣ ва татбиқи дигар лоиҳаҳои сармоягузории афзалиятноки кишвар, ки хуш пазируфта шуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳор намуданд.