Навиди Вазорат



Масъалаҳои рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ байни Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Исломии Покистон баррасӣ гардид

.

  

28 майи соли 2024 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Вазири федеролии нақлиёт/ҳамзамон масъули сармоягузорӣ ва хусусигардонии Ҷумҳурии Исломии Покистон - Абдул Алим Хан баргузор гардид.

Завқизода З. А. қайд кард, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни давлатҳо рушд ёфта, муносибатҳо ба сатҳи олӣ баромаданд.

Дар рафти вохӯрӣ Завқизода З. А. имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус соҳаҳои саноат, аз ҷумла нассоҷӣ, истихроҷи маъдан ва энергетикаро муарифӣ намуда, дархост ба амал овард, ки ширкатҳои покистонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳои муштарак таъсис диҳанд, ки хуш пазируфта шуд.

Илова бар ин, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати истифодаи долонҳои нақлиётии ҳар ду кишвар баён намуда, Вазири федеролии нақлиёти Покистон қайд намуд, ки Покистон омодааст, роҳҳои транзитии Тоҷикистонро ҳамчун дарвоза барои баромадан ба бозорҳои Осиёи Марказӣ истифода намояд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати афзоиш додани гардиши савдои дуҷониба ва истифодаи пурраи имкониятҳои ҳар ду кишвар омодагии худро иброз намуданд.