Навиди Вазорат



Иштирок ва суханронии Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо дар Форуми сармоягузории Осиёи Марказӣ (GCC)

.

  

Рӯзи 29-уми майи соли ҷорӣ Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин дар Форуми сармоягузории Осиёи Марказӣ (GCC), ки дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Нуриддинзода А. Н. ҳамчун сухангӯй дар сессия 4-ум дар мавзӯи «Инфрасохтор ва Рушд» қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба густариши ҳамкориҳои бисёрҷониба бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус дар соҳаҳои нақлиёт, логистика ва инфрасохтори минтақавии энергетикӣ аҳамияти хоса медиҳад.

Дар сессияи номбурда масъалаҳои интегратсияи технологияҳои инноватсионӣ, мушкилот дар рушди инфрасохтор, таъсири иқтисодии сармоягузориҳои инфрасохторӣ, ҳамкории байнисоҳавӣ ва дурнамои оянда муҳокима шуда, вобаста ба масъалаҳои қайдагардида аз ҷониби сухангӯён таклифҳои мушаххас пешниҳод гардиданд.