Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Директори Фонди Роҳи Абрешими Ҷумҳурии Мардумии Чин
29 майи соли 2024 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Директори Фонди Роҳи Абрешими Ҷумҳурии Мардумии Чин Тсай Сиютзюн баргузор шуд, ки дар доираи он масъалаҳои густариши ҳамкориҳо дар самтҳои рушди иқтисод, савдо, саноат, нақлиёт ва кишоварзӣ муҳокима гардиданд.
Завқизода З. А. қайд кард, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва иродаи олии сиёсии роҳбарони ҳарду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ҳамкориҳои стратегии кишварҳои мо ба сатҳи сифатан баланд баромаданд.
Зеро Чин дуюмин шарики тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар сармоягузории соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҳиссаи назаррас дорад. Дар соли 2023 гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин 1,5 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022-юм 24,2 фоиз афзоиш ёфтааст.
Дар рафти вохӯрӣ Завқизода З. А. имкониятҳои сармоягузории ҷумҳуриро муаррифӣ карда, дар робита ба ҷудо намудани 26 млрд. юан, ки барои маблағгузории кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин равона гардидааст, лоиҳаҳои «Модернизатсияи корхонаи «Алюминийи Тоҷик» (ТАЛКО)», «Сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ дар ноҳияи Ашт», «Таъсиси корхонаи нассоҷӣ дар шаҳри Душанбе дар заминаи ҶДММ «Иттиҳодияи Истеҳсолии Нассоҷии Тоҷик», «Таъсиси маркази логистикӣ дар ноҳияи Данғара», «Сохтмони Парки индустриалӣ-технологии муштарак», «Сохтмони гармхонаҳо дар вилояти Хатлон» ва «Мутобиқ гардонидани қитъаҳои роҳи автомобилгарди Гулистон-Кулоб ва Рушон-Варшез»-ро, ки қаблан дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷониби чинӣ ирсол гардидааст, барои баррасӣ пешниҳод намуд, ки хуш пазируфта шуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд иброз намуданд.