Навиди Вазорат



Вохӯрии Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо бо ҳайати доираҳои кории Туркманистон

.

  

31-уми майи соли ҷорӣ вохӯрии Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Насриддинзода Рухшона Ҳикматулло бо ҳайати доираҳои кории Туркманистон таҳти роҳбарии Ташлиев Какаджан ва иштироки Сафири Туркманистон дар Тоҷикистон дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид.

Насриддинзода Р. Ҳ. қайд намуд, ки бо шарофати муносибатҳои дӯстонаи сарони давлатҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Пешвои миллии халқи туркман - Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов, инчунин Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов ҳамкориҳои байни кишварҳо дар ҳама гуна самтҳо босуръат рушд намуда истодаанд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо пешниҳодҳои мушаххасро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ барои зиёд намудани гардиши савдои мутақобила баррасӣ намуданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро бо мақсади минбаъд густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба иброз намуданд.