Иштироки Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо дар Форуми дуюми Осиёи Марказӣ оид ба сиёсати савдо
3 июни соли 2024 Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин дар Форуми дуюми Осиёи Марказӣ оид ба сиёсати савдо дар мавзӯи «Ҳамгироии иқтисодӣ тавассути аъзошавӣ ба Созмони Умумиҷаҳони Савдо», ки дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.
Нуриддинзода А. Н. қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба густариши ҳамкориҳои бисёрҷониба бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус дар чаҳорчуби Созмони Умумиҷаҳонии Савдо аҳамияти хоса медиҳад.
Дар сессияи номбурда масъалаи мусоидат ба ҳамгироии Осиёи Марказӣ ба низоми савдои бисёрҷониба тавассути шомил шудан ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва мубодилаи таҷрибаи кишварҳо дар раванди аъзошавӣ ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдоро муҳокима намуда, вобаста ба масъалаҳои қайдагардида аз ҷониби иштирокчиён таклифҳои мушаххас пешниҳод гардиданд.