Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон

.

  

4 июни соли 2024 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Парвати Рамасвами баргузор гардид.

Завқизода З. А. ба хонум Парвати Рамасвами барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд вобаста ба рушди иқтисоди миллӣ ва саҳмгузорӣ дар амалӣ намудани ҳадафу афзалиятҳои кишвар минатдорӣ баён намуд.

Қайд гардид, ки таҳти сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳо бо шарикони рушд, бахусус бо СММ барои таъмини рушди иқтисоди миллӣ ва ноил гардидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор муҳим арзёбӣ мегардад.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СММ, ҷалби маблағҳои грантӣ вобаста ба лоиҳаҳои нави афзалиятнок дар асоси ҳадафҳои рушди кишвар, дурнамои чаҳорчӯбаи ҳамкориҳои миёнамуҳлат ва корҳои омодагиро доир ба баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима намуданд.

Дар навбати худ Парвати Рамасвами омодагии худро барои саҳмгузорӣ дар рушди устувори иқтисодии кишвар ва мусоидат дар омода ва баргузор намудани ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуд.

Дар охир ҷонибҳо омодагии худро барои мусоидат намудан дар амалӣ гардонидани ҳадафу афзалиятҳои рушди кишвар ва баргузории чорабинии қайдгардида баён намуданд.