Навиди Вазорат



Баррасии ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Иқтисодчӣ” дар давраи ҳисоботӣ ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда

.

  

6 июни соли 2024 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид, ки дар он Восидиён Фарҳод Саъдулло - муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо, Розиқ Нурзод – мудири бахши омор ва маҳзани ягонаи электронии Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Муродов Ҷурабек – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Қурбонзода Убайдулло - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, аъзоёни кумита, раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия ва намояндагони Васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Дар маҷлис масъалаҳои гузориши ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Иқтисодчӣ” оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи ҳисоботӣ ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, даъвати Конференсияи 33 – юми ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, тасдиқи қарорҳои маҷлиси муассисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оид ба таъсиси ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баррасӣ гардид.

Нахуст, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ сухани ифтитоҳӣ намуда, рӯзномаи маҷлисро ба ҳозирин пешниҳод намуд.

Инчунин муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти дар давраи ҳисоботӣ ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъдаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Иқтисодчӣ” гузориш дода қайд намуд, ки ташкилоти ибтидоӣ фаъолияти худро дар асоси Оиннома ва Барномаи ҲХДТ ба роҳ монда, баҳри амалӣ гардидани ҳадафҳои созандаи ҳизб саъю талош меварзад.

Аз ҷумла дар доираи супоришҳои Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҷиҳати шарҳу оммафаҳм намудани нуқтаҳои Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ соатҳои сиёсӣ доир карда шуд.

Инчунин қайд гардид, ки дар соли 2023 ва то моҳи июни соли 2024 Ташкилоти ибтидоии ҲХДТ «Иқтисодчӣ» муҳтавои 178 хабар, вохӯрию мулоқот ва сафарҳои дохилию хориҷии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сомона ҷойгир карда шудаанд. Дар ин давра аъзои ташкилоти ибтидоӣ дар якчанд барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ ширкат варзиданд. Илова бар ин дар якчанд сомонаҳо ва рӯзномаю маҷаллаҳо мақола манзур карданд.

Дар охир аз рӯйи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ноҳияи Исмоили Сомонӣ қарорҳои дахлдор қабул намуд.