Мулоқот бо Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер
10 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассерро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар рафти мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Гурӯҳи Бонки исломии рушд баррасӣ гардид.
“Тоҷикистон Бонки исломии рушдро яке аз шарикони муҳими худ медонад ва мо аз ҳамкории судманд бо он қаноатмандем”, изҳор доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Таъкид гардид, ки Бонки исломии рушд ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар Тоҷикистон то имрӯз дар ҳаҷми 916 миллион доллар маблағгузорӣ намудааст. Ҳоло аз ҷониби Бонк дар ҳаҷми 237 миллион доллар 7 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, обёрӣ, маориф ва тандурустӣ маблағгузорӣ мешавад.
Ҷонибҳо зимни суҳбат масъалаҳои густариши муносибатҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноату кишоварзӣ, нақлиёт, ташкили марказҳои логистикӣ, рушди сайёҳӣ, бонкдорӣ, коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди Тоҷикистон ва идомаи ислоҳотро муҳокима карданд.
Дар ин робита Сарвари давлати мо ба роҳбарияти бонк барои иқдомот ҷиҳати маблағгузории татбиқи лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун” изҳори сипос намуданд.
Дар рафти мулоқот алоқамандии Тоҷикистон ба идомаи ҳамкориҳо бо Бонк дар доираи Стратегияи ҳамкории дуҷониба барои солҳои 2023-2026, Созишнома бо Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо ва Барномаи “Дастгирии стратегияи миллии рушди маориф” таъкид гардид.
Дар шароити имрӯзаи тағйирёбии иқлим истифода аз “энергияи сабз”, рушди “иқтисоди сабз”, рақамикунонӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои “сабз” дар соҳаҳои гуногуни иқтисод зарур шумурда шуд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули андеша намуданд.
http://www.president.tj/ru/node/33597