Масъалаҳои омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016 баррасӣ шуданд
13 ноябри соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти раёсати муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2015, №261 «Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016» ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар он Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.
Баъд аз гузориши муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Гулрӯ Ҷабборзода оид ба корҳои анҷомдодашуда то ин давра, намояндагони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ роҷеъ ба фаъолияташон дар ин самт ҳисобот доданд.
Муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим ҷаласаи кориро ҷамъбаст намуда, ба масъулин ҷиҳати тақвияти омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016 ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас доданд.