Навиди Вазорат



Вохӯрии Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо бо Дабири кулли Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (CICA)

.

  

11 июни соли 2024 вохӯрии Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин бо Дабири кулли Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (CICA) Сарибаи Кайрат Шораевич баргузор гардид.

Нуриддинзода А. Н. қайд намуд, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалии Раҳмон ҳамкориҳо бо кишварҳои минтақа ва созмонҳои байналмилалӣ барои таъмини рушди иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ муҳим арзёби мегардад.

Дар рафти вохӯри Нуриддинзода А. Н. имкониятҳои фаровони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои тиҷорат, иқтисод, сайёҳӣ ва дигар бахшҳоро муаррифӣ намуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд иброз намуданд.