Сафари кории муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 майи соли 2024 баён доштанд, инчунин дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми июни соли 2024, №24/10-42 рӯзҳои 3-9-уми июн бо роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо - Насриддинзода Рухшона Ҳикматулло ҳайати корӣ ба ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дод.
Насриддинзода Р. Ҳ. бо ҳайати гурӯҳ дар ҷамоатҳои деҳоти «Озодагон», «Кабуд Сайфиддин», «Меҳвар», «Намуна», бо аҳли деҳаҳои «Нури ваҳдат», «Фарғона», «Эмомалӣ Раҳмон», бо кормандони хоҷагиҳои деҳқонии «Давлат», «Пахтакор», инчунин бо аҳли кормандони Беморхонаи марказии ноҳия ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 4 ва № 9 вохӯрӣ анҷом доданд.
Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо дар ҷаласаҳои баргузоргардида баромад намуда, ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми феврали соли 2024, №24/10-23 вобаста ба ҳалли мушкилоти маҳал, дар сатҳи баланд амалӣ намудани Нақшаи чорабиниҳои корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, таъсиси коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, истифодаи оқилонаи замин, махсусан заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон, бе талаф ғундоштани ҳосил ва аз як замин гирифтани 3-4 ҳосил, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, риояи қоидаҳои зиддисӯхтор, корҳои ободонию созандагӣ, таъмини сифати иншооти бунёдшаванда ва дар ҳар як оила захира намудани маводи ғизоӣ барои на камтар аз ду сол ибрози ақида намуд.
Инчунин, вобаста ба раванди иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ки 9-уми марти соли 2024 дар мулоқот бо ходимони дин баён доштанд, аз ҷумла дар мавриди риояи баргузории ҷашну маъракаҳо, фарҳанги либоспӯшӣ, сафари ҳаҷ ва пешгирӣ аз гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб суханронӣ карда шуд.
Илова бар ин, Насриддинзода Р. Ҳ. ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ки дар мулоқот бо аҳли илму маорифи кишвар 30-юми майи соли 2024 баён доштанд, махсусан оид ба камбудию норасоиҳое, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи томактабӣ ва умумии ноҳия ҷой доранд изҳори ақида кард.
Инчунин таъкид карда шуд, ки вазъи экологӣ беҳтар карда шуда, ярмаркаҳои фурӯши маҳсулот дар бозорҳо ва нуқтаҳои муайян ташкил ва аҳолӣ бо маводи озуқа таъмин карда шаванд.
Дар ҷамъбасти вохӯриҳо мовини Вазир ба масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ ҷиҳати иҷрои саривақтию сифатноки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бартараф намудани камбудиҳо ва норасогиҳои ҷойдошта дар ноҳия супоришҳои дахлдор доданд.