Мулоқот бо Раиси иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии СММ Деннис Фрэнсис
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Раиси иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Деннис Фрэнсисро ба ҳузур пазируфтанд.
“Мо Маҷмаи Умумиро ниҳоди муҳимми Созмони Милал медонем ва нақши онро дар қабули қатъномаҳои ҳаётан муҳим қадр мекунем”, изҳор доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Зимни мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардида, аз ҷонибдории ташаббусҳои ҷаҳонии кишвари мо дар самти обу иқлим ва дастгирӣ аз тадорукоти Конфронси кунунии Душанбе ба раёсати Маҷмаи Умумии созмон изҳори сипос карда шуд.
Ҷонибҳо дар рафти вохӯрӣ масоили қабул ва амалисозии барномаҳо, аз қабили “Барқарорсозии эътимод ва эҳёи ҳамбастагии ҷаҳонӣ”, “Рӯзномаи-2030 оид ба рушди устувор”, татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи “Об барои рушди устувор, 2018-2028” ва “Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030”-ро муҳокима намуданд.
Обшавии босуръати пиряхҳо мушкилоти дигар дар раванди тағйирёбии иқлим номида шуда, қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумӣ дар бораи эълони соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” иқдоми саривақтӣ арзёбӣ гардид.
Бо ибтикори Тоҷикистон қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи Умумӣ оид ба “Рӯзи ҷаҳонии Футбол” барои рушди соҳаҳои варзиш, аз ҷумла футбол муҳим шумурда шуд.