Боздиди Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд аз Намоишгоҳи молҳои саноатии Тоҷикистон
11 июни соли 2024 Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер баъди боздид аз рафти корҳои сохтмонӣ дар НБО «Роғун» якҷо бо Вазири рушди иқтисод ва савдо / мудири кишварии Гурӯҳи Бонки исломии рушд (БИР) аз Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин ва Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир аз намоишгоҳи молҳои саноатии Тоҷикистон дидан намуданд.
Дар намоишгоҳи мазкур маҳсулоти саноатии коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон иштирок намуда, номгӯи зиёди маҳсулоти ватаниро муаррифӣ карданд.
Аз ҷумла дар ин намоишгоҳ намояндагони ширкатҳои нассоҷӣ, саноати сабук, саноати мошинсозӣ, саноати куҳӣ, канданиҳои фоиданок, энергетика, технологияи иттилоотӣ (IT), кишоварзӣ ва ғайра маҳсулоти хешро муаррифӣ намуданд.
Металҳои ранга, ашёи хоми алюминӣ, алюминӣ ва маҳсулоти аз он тайёршаванда, таҷҳизоти ҳарбӣ-мудофиавӣ, технологияҳои инноватсионӣ, таҷҳизоти барқӣ, масолеҳи сохтмонӣ, хоса қубурҳои шишапластикӣ, кошину қандил, сангҳои ороишӣ, профил, фаршу сақфҳои гуногун, дару тиреза, рангҳои сохтмонӣ, инчунин маводи доруворӣ аз ҷумлаи маҳсулоте мебошанд, ки дар намоишгоҳ ба маъраз гузошта шуда, ҳар кадом дорои сифати баланду дар бозори байналмилалӣ рақобатпазир аст.
Таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Бонки исломии рушд сол то сол рушд карда, ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.