Навиди Вазорат



Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд аз НБО «Норак» боздид намуд

.

  

12 июни соли 2024 Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер дар ҳошияи вохӯрӣ бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Неругоҳи барқи обии «Норак» боздид ба амал овард, ки дар ин сафар ӯро Вазири рушди иқтисод ва савдо/ мудири кишварии Бонки Исломии Рушд (БИР) аз Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин ҳамроҳӣ намуд.

Президенти БИР қайд намуд, ки боиси ифтихори сокинони Тоҷикистон аст, ки сарбанди аз сангу шағал бунёдгардидаи НБО «Норак» бо баландии 300 метр то имрӯз дар дунё ҷойи аввалро ишғол карда, зиёда аз 50 сол самаранок фаъолият намуда истодааст. Баъди боздид Ӯ дар китоби хотироти меҳмонон дастхати хотиравӣ гузошт.

Қайд бояд кард, ки 11 июни соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер мулоқот намуданд.