Ваҳдати миллӣ дар баробари Истиқлоли давлатӣ барои беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум заминаи мусоид фароҳам овард
25 июни соли 2024 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказӣ бахшида ба ифтихори 27-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Ҷамъомадро Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо фарорасии ҷашни 27-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ самимона табрику таҳният намуд.
Завқизода З. А. қайд намуд, ки ҳамаи дастовардҳои замони истиқлол, ваҳдату якпорчагии миллат маҳз ба фаъолияти пурсамар ва азму иродаи қавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртибот дошта, давлати мо дар самти рушди устувор ва таъмини зиндагии арзандаи халқи Тоҷикистони маҳбубамон ба комёбиҳои беназир ноил гардид.
Завқизода З. А. оид ба моҳият ва аҳамияти Ваҳдати миллӣ, барқароршавии сулҳ ва амнияту осоиш дар ҷумҳурӣ, зарурат ва ҳифзи сулҳу ваҳдати бо заҳматҳои зиёд бадастомада, нақши Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар сарҷамъ ва ба ҳам овардани миллати тоҷик, таъмини якпорачагии сарзамини тоҷикон ибрози назар карда, қайд намуд, ки маҳз ба шарофати он дар Тоҷикистон заминаҳои рушду пешрафт фароҳам омада, ҷумҳурӣ ба комёбиҳову дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ ноил гардид.
Аз ҷумла новобаста ба таъсири омилҳои берунӣ дар натиҷаи татбиқи бомароми стратегияву барномаҳои давлатӣ танҳо дар 20 соли охир њаљми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 21 маротиба, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ 13,4 маротиба ва даромадҳои пулии аҳолӣ 36 маротиба зиёд гардида, сатҳи камбизоатӣ аз 64 фоиз то 21,2 фоиз коҳиш дода шуд.
Дар охир ба кормандони вазорат дастур дода шуд, ки зиракии сиёсиву амниятиро аз даст надода, доимо барои ҳифз ва тақвият додани дастовардҳои Ваҳдати миллӣ дар фаъолияти кориву шахсии худ ҷидду ҷаҳд намоянд.