Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Директори генералии ширкати «ANT Group Process Technologies»-и Ҷумҳурии Туркия

.

  

25 июни соли 2024 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Директори генералии ширкати «ANT Group Process Technologies»-и Ҷумҳурии Туркия Озҷан Бутун баргузор гардид.

Завқизода З. А. қайд кард, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва иродаи олии сиёсии роҳбарони ҳарду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Раҷеп Тайип Эрдоган ҳамкориҳои стратегии кишварҳои мо ба сатҳи сифатан баланд баромаданд.

Дар рафти вохӯрӣ Завқизода З. А. имкониятҳои сармоягузории ҷумҳурӣ, самтҳо ва соҳаҳои афзалиятноки ҷалби сармояи хориҷӣ, аз ҷумла ба минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар ва пешниҳоди имтиёзҳои андозиву маъмурӣ барои таъсиси корхонаҳои саноатӣ ба ширкати «ANT Group Process Technologies» муаррифӣ намуд.

Дар навбати худ Директори генералии ширкати «ANT Group Process Technologies» Озҷан Бутун омодагии худро барои таъсиси корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ ва фармасефтӣ бо маблағи зиёда аз 600 миллион евро дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» изҳор намуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳор намуданд.