Навиди Вазорат



Байни Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Бонки Олмонии Рушд (KfW) Шартномаи грантӣ барои сохтмони беморхонаи мубориза бар зидди бемориҳои сил ба имзо расонида шуд

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

  

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷалби маблағҳои грантӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамчун ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Федеративии Германия корбарӣ дорад.

Бо ин мақсад санаи 2 июли соли 2024 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ва Роҳбари намояндагии минтақавии Бонки Олмонии Рушд дар Осиёи Марказӣ Андреас Шнайдер «Шартнома оид ба пешниҳоди грант байни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симои Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Бонки Олмонии Рушд (KfW)» ба маблағи 11 миллион евро барои сохтмони беморхонаи нави зидди бемории сил дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ба имзо расонида шуд.

Дар доираи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия оид ба ҳамкории молиявӣ (2020) маблағи мазкур барои маблағгузории лоиҳаи нави «Барномаи мубориза бо бемории сил дар Тоҷикистон марҳилаи VI» ҷудо гардидааст.

Қайд бояд кард, ки Шартномаи мазкур дар асоси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия дар бораи ҳамкории молиявӣ барои солҳои 2017-2019, ки аллакай расмиёти дохилидавлатиро гузаштааст, ҳамчун шартномаи маблағгузории иловагӣ ба имзо расид.

  

  

  

  

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное