Навиди Вазорат



Баргузории дарси омӯзишӣ дар курси такмили ихтисос барои раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва масъулони кор бо мақомоти маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ аз рӯйи барномаи «Идоракунии давлатӣ дар замони муосир»

.

  

4 июли соли 2024 Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба курси такмили ихтисос барои раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва масъулони кор бо мақомоти маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ аз рӯйи барномаи «Идоракунии давлатӣ дар замони муосир» дарси омӯзиширо дар мавзӯи татбиқи фосилавии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030: дастовардҳо ва афзалиятҳои минбаъда баргузор намуд.

Зимни суханронӣ Завқизода З. А. қайд намуд, ки сарфи назар аз шиддати вазъи ҷаҳони имрӯза ва таъсири бевоситаи омилҳои манфии берунӣ ба иқтисоди миллӣ дар давраи татбиқи фосилавии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (ҳашт соли охир) таҳти сиëсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,4 фоизро ташкил дода, созмонҳои байналмилалии молиявӣ Тоҷикистонро аз рӯи суръати миёнасолонаи рушди иқтисодӣ ҳамчун кишвари дорои иқтисоди тезрушдёбанда арзёбӣ намуданд.

Ҳамзамон қайд карда шуд, ки ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ин давра 2,6 баробар ва ба ҳар нафар аҳолӣ 2,3 баробар, даромадҳои пулии аҳолӣ 4,4 баробар, музди миёнаи меҳнат беш аз 2 баробар, андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,9 баробар ва шумораи соҳибкорон 1,6 баробар афзоиш ёфта, ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намуд.

Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои саривақтии Ҳукумати кишвар сатҳи камбизоатӣ аз 31,3 фоизи соли 2015 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш ёфта, Тоҷикистон тибқи арзёбии Бонки Умумиҷаҳонӣ аз рӯи суръати коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ба қатори 10 кишвари пешсафи ҷаҳонӣ ворид гардид.

Инчунин қайд гардид, ки тамоюлҳои гуногуни ҷаҳони муосир дар рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамолики мухталифи ҷаҳон бетаъсир нестанд ва барои расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар ҳар яки моро лозим меояд бештар саъю талош намоем.