Навиди Вазорат

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 56


Конфронси 4-уми ҳамкориҳои байниминтақавӣ

.

1-уми декабри соли равон дар шаҳри Душанбе Конфронси 4-уми ҳамкориҳои байниминтақавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия бо иштироки васеи намояндагони вазорату идораҳои марбута ва бахши хусусии ҳарду ҷониб баргузор гардид.

Дар ибтидои ҷаласаи пленарӣ Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.Ҳикматуллозода сухани шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Муовини Вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия Сибулский А.В., сухани шодбошии Президенти Федератсияи Россия, муҳтарам Владимир Путинро ба самъи иштирокчиёни чорабинии мазкур расониданд.

Сипас, мизҳои мудаввар дар мавзуъҳои «Рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия дар соҳаи кишоварзӣ», «Вазъ ва танзими ҳуқуқии равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ байни Россия ва Тоҷикистон», «Вазъ ва роҳҳои фаъолгардонии ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии Россия ва Тоҷикистон» ва ғайра бо ҳузури масъулини вазорату идораҳо, инчунин бахши хусусӣ сурат гирифт.

Дар аснои мизҳои мудаввар ҷонибҳо атрофи масъалаҳои мавриди назар мубодилаи афкори судманд намуданд.

Дар интиҳои кори конфронс бошад аз рӯи натиҷаҳои бадастомада қарори дахлдор қабул гардид.