Маҷлиси ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Панҷ дар нимсолаи якум ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2024 баргузор гардид
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва барқияи ҳукуматӣ аз 2 июли соли 2024, №24/10-51 рӯзи 9 июли соли 2024 таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин маҷлиси ҷамъбастии ноҳияи Панҷ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар нимсолаи якум ва вазифагузориҳо барои нимсолаи дуюми соли 2024 баргузор гардид.
Дар маҷлис гузориши роҳбарияти ноҳия оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия, фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ дар нимсолаи якуми соли 2024 ва рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатӣ шунида шуда, вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2024 муайян карда шуданд.
Завқизода З. А. ба масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ ҷиҳати иҷрои саривақтию сифатноки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар сатҳи баланд амалӣ намудани Нақшаи чорабиниҳои корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо назардошти таъсиси коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, сохта ба истифода додани иншооти ҷашнӣ, иҷрои барномаҳои давлатӣ, истифодаи оқилонаи замин, гирифтани 3-4 ҳосил, ҷамъоварии ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ, ба касбомӯзӣ фаро гирифтани бонувону калонсолон, бахусус шахсони бешуғл, омода намудани муассисаҳои таълимӣ ба соли хониши нав, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба роҳ надодан ба исрофкорию зиёдаравӣ ҳангоми таҷлили ҷашну маросимҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию ватандӯстии сокинони ноҳия, пешгирии ҷинояткорию шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, расонидани нуқтаҳои суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар ироа намуданд, инчунин бартараф намудани камбудиҳо ва норасогиҳои ҷойдошта дар ноҳия супоришҳои дахлдор дод.