Навиди Вазорат



Иштирок ва суханронии Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо дар Форуми байналмиллалии соҳибкорию сармоягузории «Помиринвест-2024»

.

  

26 июли соли 2024 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Форуми байналмиллалии соҳибкорию сармоягузории «Помиринвест-2024» баргузор гардид, ки дар он Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид иштирок ва суханронӣ намуд.

Форум бо иштироки беш аз 250 нафар соҳибкорон, сармоягузорони ватанию хориҷӣ, шарикони рушд, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва вазорату идораҳои мамлакат баргузор гардида, ҳадафи асосии он ҷалби сармоя ба соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят, рушди соҳибкорӣ, тақвияти ҳамкории корхонаю ширкатҳои ватанию хориҷӣ ва минтақаҳои ҷумҳурӣ бо корхонаю ширкатҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҳисоб меравад.

Зимни суханронии худ Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асри 21-ро асри рушду тараққиёти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эълон намуда, дар ин раванд ин диёри зебоманзару биҳиштосо бо заҳмати содиқонаи мардум ва дастгирии Ҳукумати мамлакат сол ба сол ободу зебо гардида, ба дарвозаи воқеан тиллоии Тоҷикистон табдил ёфта истодааст.

Инчунин дар доираи Форум санадҳои ҳамкорӣ ва тафоҳумномаҳои дуҷониба ба имзо расонида шуданд.

Кори форум дар ду панел – «Ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ҷиҳати устувор намудани нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» ва «Баланд бардоштани саводнокии молиявии соҳибкорон дар бахши молия ва бонкдорӣ» баргузор гардид.