Навиди Вазорат



Иштирок ва суханронии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид дар Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Қазоқистон

.

  

Перомуни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 августи соли 2024 дар шаҳри Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор гардид, ки дар он муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода А. А. иштирок ва суханронӣ намуд.

 Форум бо иштироки муовинони якуми Сарвазирони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон, роҳбарони аввали вазорату идораҳои ду кишвар, соҳибкорону сармоягузорони бонуфузи Тоҷикистону Қазоқистон баргузор гардид.

Зимни суханронии худ Солеҳзода А. А. қайд кард, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва иродаи олии сиёсии роҳбарони ҳарду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Касым-Жомарт Токаев ҳамкориҳои стратегии ҳарду кишвар ба сатҳи сифатан баланд баромаданд.

Инчунин қайд гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодиро бо Ҷумҳурии Қазоқистон дар заминаи оқилона истифода бурдани иқтидори бузург дар соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, дорусозӣ, рушди инфрасохтори нақлиётӣ, логистика, сайёҳӣ, густариши ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар самти рақамикунонӣ ва гузариш ба «иқтисоди сабз» мебинад.

Дар охир аз сармоягузорони Ҷумҳурии Қазоқистон даъват карда шуд, ки дар амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус ба минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар ҳарчӣ бештар иштирок намоянд.