Иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар муаррифии лоиҳаи ҳамкорӣ оид ба ҳукумати электронӣ
22 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев дар Қасри миллат дар маросими муаррифии лоиҳаи ҳамкорӣ оид ба ҳукумати электронӣ иштирок карданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ҷорӣ кардани “Ҳукумати электронӣ” тақозои замон аст ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти талаботи ҷомеа, ба ин раванд таваҷҷуҳи рӯзафзун зоҳир менамояд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон ва ба Президенти ин кишвар муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев барои мусоидати амиқ дар амалисозии ин раванд изҳори сипос намуданд.
Баъди анҷоми маросими муаррифии лоиҳа Сарони давлатҳо ба коршиносони соҳа барои расидан ба ҳадафҳои созанда ва татбиқи самараноки он комёбӣ хоҳон шуданд.
https://president.tj/event/news/46932