Навиди Вазорат



Тамошои дастаҷамъонаи cуханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи дониш дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо

.

  

Суханронии имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ҳамасола дар Рӯзи дониш ба аҳли илму маориф, устодону омӯзгорон ва донишҷӯёну хонандагон ироа мегардад, дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии Муовини вазир Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин сардорони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони Дастгоҳи марказӣ ба таври дастаҷамъона тамошо намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон ба аҳли илму маориф, устодону омӯзгорон ва донишҷӯёну хонандагон қайд намуданд, ки таҷлили Рӯзи дониш ва баргузории Дарси сулҳ дар оғози соли хониш яке аз анъанаҳои неки даврони соҳибистиқлолӣ, тантанаву бузургдошти саводу дониш ва хираду маърифати мардуми куҳанбунёди тоҷик мебошад.

Ҳамзамон Пешвои муаззами миллат самтҳои асосии рушди соҳаи илму маорифи мамлакатро муайян намуда, вобаста ба таъмини пешрафти соҳаи мазкур вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.