Вазири рушди иқтисод ва савдо дар тантанаҳои ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ иштирок намуд
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин дар чорабиниҳои бахшида ба ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон иштирок намуд.
Cубҳи 8 сентябр дар варзишгоҳи марказии ноҳия маросими расмии тантанавӣ бахшида ба ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ бо барномаи фарҳангии театрикунонидашуда баргузор гардид. Завқизода З. А. дар чорабинӣ баромад намуда, сокинони ноҳияро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ табрик карда, ба як қатор кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба муносибати ин ҷашни таърихӣ медалу ифтихорномаҳо тақдим намуд.
Завқизода З. А. зимни суханронии худ қайд намуд, ки дар давоми соҳибистиқлолӣ зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари сулҳу суботи комил боз рушди устувори тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо таъмин гардид. Аз ҷумла танҳо дар 23 соли замони соҳибистиқлолӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 11 баробар, саноатӣ 12 баробар ва музди миёнаи меҳнати сокинон беш аз 157 баробар зиёд гардид.
Дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ дар ноҳияи Панҷ, Завқизода З. А. дар ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла синфхонаҳои иловагӣ барои зиёда аз 150 ҷойи нишаст, бунгоҳи тиббӣ ва зеристгоҳи барқӣ дар шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок карда, сокинонро ба муносибати ҷашни Истиқлоли давлатӣ ва ба истифода додани иншооти навбунёд табрику таҳният намуд.
Ҳамзамон Вазири рушди иқтисод ва савдо дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки дар Боғи фарҳангию фароғатии ноҳия баргузор гардид, иштирок карда, ба ятимони кулл, маъюбон ва камбизоатон кӯмакҳои моддӣ тақдим намуд.