Мулоқот бо Президенти Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (КОИКА) Ҷанг Вон Сам
6 сентябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (КОИКА) Ҷанг Вон Самро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ баррасӣ гардид.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Кореяро шарики боэътимоди Тоҷикистон дар Осиёи Шарқӣ ва КОИКА-ро ниҳоди муҳими тақвияти ин шарикӣ номиданд.
29% афзоиш ёфтани ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар дар 7 моҳи соли равон тамоюле номида шуд, ки арзандаи дастгирӣ аст.
Зимни суҳбат ҳамкорӣ дар татбиқи тарҳҳои мухталиф, аз ҷумла, дар самти энергетика, нақлиёт, саноат, соҳибкории хурду миёна, рақамикунонӣ, идоракунии давлатӣ ва рушди инсонӣ баррасӣ шуд.
Ҳамкорӣ дар бахшҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ ва идораи об, ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқулода ва таъмини рушди устувор низ самарабахш арзёбӣ гардид.
Ҳамчунин доир ба масоили мубрами ҳамкории дуҷониба, аз қабили тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, афзоиши тавлиди “энергияи сабз”, рушди “иқтисоди сабз”, ташкили “технопаркҳо”, ҷорӣ намудани “технологияҳои рақамӣ” ва тавсеаи “тиҷорати электронӣ” табодули андеша сурат гирифт.
https://president.tj/event/meetings/47174