Тақдими тӯҳфаҳо ба ятимони кул дар шаҳри шаҳри Хуҷанд
Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маркази савдо ва хизматрасонии “Истиқлол Авеню” бо ятимони кулл аз шаҳру ноҳияҳои вилоят вохӯрӣ намуда, ба онҳо туҳфаҳои арзишманд тақдим намуданд.
Зимни суҳбати самимӣ бо ятимон, ки аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҷамъ омада буданд, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, ки дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ғамхории пайваста ба ятимону бепарасторон, оилаҳои ниёзманд, шахсони имконияташон маҳдуд ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои ин табақаҳои аҳолӣ мавқеи меҳварӣ дорад.
Ба ятимон, ки бо амри тақдир аз навозиши волидайн маҳрум мондаанд, дастархони идона ороста шуда, туҳфаҳои молию пулӣ, либоси мактабӣ, пойафзол, шириниҳо ва дигар туҳфаҳои арзишманд тақдим карда шуд.
Кудакон аз туҳфаҳои Сарвари раъийятпарвару инсондӯсти кишвар изҳори хушҳолӣ намуда, барои ҳамаи ғамхориҳои пайвастаашон ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории самимӣ баён доштанд.
Дар мулоқот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ятимон даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз имкониятҳои фароҳамшуда бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, соҳибилм шаванд ва бо касбу ҳунари худ фарди ватандӯсту ватандор гарданд.
Мавриди зикри хос аст, ки дар тӯли 33 соли Истиқлоли давлатӣ ятимону бепарасторон ва оилаҳои камбизоат ҳамеша зери таваҷҷуҳи бевоситаи Роҳбари давлат қарор доранд ва барои беҳдошти зиндагии онҳо аз тамоми имкониятҳо истифода бурда мешавад.
https://www.president.tj/event/news/47304