Навиди Вазорат



Иштироки муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми IX-уми иқтисодии Шарқӣ

.

  

Рӯзҳои 3-5 сентябри соли 2024 дар шаҳри Владивостоки Федератсияи Россия Форуми IX-уми иқтисодии Шарқӣ баргузор гардид. Мақсади асосии баргузории форум ин рушди минбаъдаи минтақаи Шарқи Дур буда, Федератсияи Россия ҷиҳати рушди иҷтимоию иқтисодии он барои ҳамкории бештар бо мамолики ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳавасманд мебошад.

Форум бо иштироки Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, намояндагони ҳайатҳои баландпояи кишварҳои ҷаҳон ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин созмонҳои байналмилалӣ, намояндагони соҳибкорӣ ва доираҳои илмӣ баргузор гардид.

Тоҷикистонро дар форуми мазкур муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Насриддинзода Рухшона Ҳикматулло ва муовини якуми Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Юсуфзода намояндагӣ карданд.

Ҳамзамон қайд карда шуд, ки чорабинии мазкур асосан барои таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ шароити заруриро муҳайё намуда, иштирокдорон метавонанд дар самти ҷалби сармоягузорӣ ва беҳтар намудани фазои соҳибкории хурду миёна бо шарикони тиҷоратӣ табодули таҷриба намоянд.

Инчунин намояндагони Тоҷикистон ҳавасмандии худро барои боз ҳам густариш бахшидани ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самтҳои дурнамои рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар заминаи оқилона истифода бурдани иқтидорҳои бузург дар соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, дорусозӣ, рушди инфрасохтори нақлиётӣ, логистика, сайёҳӣ, рақамикунонӣ ва гузариш ба «иқтисоди сабз» изҳор намуданд.