Ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо дар ҷаласаи 23-юми вазирони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай иштирок ва суханронӣ намуд
12 сентябри соли 2024 дар шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин дар ҷаласаи 23-юми вазирони иқтисодӣ ва тиҷорати давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷкистон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Шарифзода Юсуф Тоиралӣ иштикор дошт.
Завқизода З. А. қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони кишварҳои СҲШ муносибатҳо пайваста рушд ёфта, ба сатҳи олӣ баромадаанд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди ҳамкориҳоро дар доираи ин созмон яке аз афзалиятҳои аввалиндараҷаи сиёсати хориҷии худ қарор додааст.
Дар натиҷа гардиши савдои хориҷӣ байни Тоҷикистон ва кишварҳои СҲШ давра ба давра тамоюли рушдро касб намуда, ҳамасола беш аз 70 дарсади ҳиссаи гардиши савдои Тоҷикистон ба кишварҳои минтақаи СҲШ рост меояд.
Ҷониби Тоҷикистон қайд намуд, ки ҳиссаи СҲШ қариб нисфи аҳолии ҷаҳон ва 27 фоизи ММД-и глобалиро ташкил намуда, минтақа дорои бозори бузург ва имкониятҳои васеъ мебошад.
Дар ин раванд Стратегияи рушди иқтисоди СҲШ барои давраи то соли 2030 бо ташаббуси Тоҷикистон таҳия гардида, аз ҷониби кишварҳои аъзои созмон қабул карда шуд. Дар робита ба ин Завқизода З. А. ба иштирокдорони ҷаласа барои таҳияи Нақшаи чорабиниҳои Стратегияи мазкур пешниҳоди мушаххас вобаста ба густариши ҳамкориҳо дар самтҳои иқтисоди рақамӣ ва сабз, энергияи сабз, тиҷорати электронӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои калони инфрасохторӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва соҳаҳои инноватсионӣ, инчунин истифодаи васеи имкониятҳои транзитии Тоҷикистон манзур намуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида иброз карданд.