Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии дуҷонибаи кишварҳо

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

  

12 сентябри соли 2024 дар шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон дар ҳошияи ҷаласаи 23-юми вазирони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки ба фаъолияти иқтисодӣ ва тиҷоратии хориҷӣ масъуланд, вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Вазири тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Покистон Ҷам Камал Хан баргузор гардид.

Қайд гардид, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи роҳбарони ҳарду давлат Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф ҳамкориҳои дуҷониба давра ба давра тамоюли рушдро касб намудаанд.

Аз ҷумла гардиши савдои хориҷии солона байни Тоҷикистон ва Покистон то 53 млн. доллар ё 62 фоиз афзоиш ёфт.

Завқизода З. А. аз ҳамтои худ даъват ба амал овард, ки барои ҷалби сармояи Ҷумҳурии Исломии Покистон ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, бахусус сохтмону азнавсозии неругоҳҳо барои истеҳсоли энергияи сабз ва таъсиси корхонаҳои саноатии муштарак, аз ҷумла оид ба истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ мусоидат намояд.

Ҳамзамон ҷонибҳо масъалаҳои тавсеаи гардиши савдои дуҷониба, зиёд намудани маҳсулоти содиротӣ, густариши ҳамкориҳо дар самтҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёт, логистика, имкониятҳои истифодабарии транзитии молҳо ва бандарҳои Покистон, инчунин воридоти шакарро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории дуҷониба баён намуданд.

  

  

  

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное