Навиди Вазорат



Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 11 дар деҳаи Булёни поёни деҳоти Хуррамшаҳри ноҳияи Данғара

.

  

19 сентябр дар деҳаи Булёни поёни деҳоти Исмат Шарифи ноҳияи Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

 

Ин муассисаи таълимӣ дар доираи дастуру ҳидоятҳои роҳнамунсози Пешвои миллат аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар масоҳати 1,23 гектар бунёд гардида, туҳфаи арзандае ба сокинони ин деҳа дар оғози соли нави таҳсил арзёбӣ гардид.

Иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, барои 2160 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Бояд гуфт, ки аҳолии деҳаи мазкур 4500 нафарро ташкил дода, қаблан хонандагон дар бинои кӯҳнаву хурде, ки солҳои 30-юми асри гузашта бунёд гардида буд, таҳсил мекарданд. Бо зиёд шудани аҳолӣ зарурати бунёди муассисаи наву замонавӣ ба вуҷуд омад, ки инак бо иқдоми неки соҳибкорон амалӣ карда шуд.

36 синфхона ва дигар ҳуҷраҳои корӣ бо таҷҳизоти таълимӣ ва шароити мусоид барои омӯзгорон ва хонандагон ҷиҳозонида шудааст, ки минбаъд кӯдакону наврасони деҳаи мазкур бо истифода аз ин имконоти муосир, дониши худро такмил медиҳанд.

Роҳбари давлат иқдоми соҳибкорони маҳаллиро дар самти бунёди муассисаҳои таълимӣ, муҳим арзёбӣ намуда, онро амали ибратбахш ва шоистаи таҳсин арзёбӣ намуданд.

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 11 китобхона ҳам мавҷуд аст, ки дорои адабиётҳои бадеӣ ва таълимӣ буда, дар қироатхонаи он дар як вақт наздики 40 нафар метавонанд адабиёти дилхоҳашонро мутолиа намоянд.

Синфхонаҳои фаннии физика, химия, биология, технологияи иттилоотӣ, география, забони русӣ, математика ва таълими меҳнати писаронаву духтарона бо асбобҳои айёнӣ ва озмоишгоҳу дигар  ҷиҳози зарурӣ таъмин буда, барои дар сатҳи баланд гузаронидани машғулиятҳо мусоидат менамоянд.

Маҷлисгоҳи муассисаи таълимӣ, ки дорои 198 ҷойи нишаст аст, барои гузаронидани ҳар гуна чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ пешбинӣ шудааст.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар иншооти мазкур як толори варзишӣ барои бозиҳои волейбол, баскетбол ва футбол низ мавҷуд аст, ки ҳуҷраи ивази либос, ҳуҷраи мураббӣ ва амбор барои нигоҳдории асбобҳои варзишӣ ҳам дорад.

Ҳамчунин дар саҳни бинои мазкур боз се майдончаи дигари варзишӣ барои футбол, волейбол ва дигар намудҳои варзиш муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ мавҷуд аст.

Системаи гармидиҳии мутамарказ бо истифода аз ангишт имкон медиҳад, ки синфхонаҳо дар фасли зимистон гарму бароҳат бошанд.

Саҳни ҳавлии ин иншооти соҳаи маориф сабзкорӣ ва сафолакпӯш карда шуда, ҳамчунин роҳи мактаб ва дигар роҳҳои ҳамшафати он асфалтпӯш карда шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар ин муассисаи таълимӣ моҳи марти соли 2024 оғоз гардида, дар муддати шаш моҳ бо сатҳу сифати баланд бо истифода аз масолеҳи сохтмонии босифати маҳаллӣ бунёд карда шуд. Атрофи иншоот панҷарабандӣ гардида, ҳамчунин бо камераҳои назоратӣ ҷиҳозонида шудааст.

Мавриди зикр аст, ки дастгириҳои давлатӣ нисбат ба соҳибкорон, алахусус пешниҳоди имтиёзҳо ва татбиқи барномаҳои шарикии давлат бо бахши хусусӣ соҳибкоронро барои саҳмгузорӣ дар ободии Ватан дилгарм намудааст.

Натиҷаи ҳамин буд, ки дар ноҳияи Данғара давоми солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби соҳибкорон муассисаҳои зиёди таълимӣ ва томактабӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода мешавад.

Танҳо дар доираи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни 30 солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия беш аз 20 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва боғчаи бачагона бунёд гардидааст.

Ҳамчунин дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳо ба шарафи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия 37 муассисаи нави таълимӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 16-тои он ифтитоҳ карда шуд.

Танҳо дар доираи сафари кории имрӯза боз 6 муассисаи нави таълимӣ ва се муассисаи томактабӣ бо саҳми соҳибкорони ватандӯст, дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди амал қарор дода шуд.

Маориф дар авлавияти сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, сол то сол маблағгузорӣ ба соҳа афзун мегардад.

Натиҷаи ҳамин ғамхориҳо ва таваҷҷуҳ буд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи хонандагоне, ки дар олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби медал мешаванд, ба маротиб афзоиш меёбад.

https://www.president.tj/event/news/47702