Ҳадафу афзалиятҳо ва дастовардҳои Ҳукумати кишвар дар самти рақамигардонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ муаррифӣ гардиданд
Рӯзи 20 сентябри соли 2024 Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин дар Форуми миллии «Рушди устувор тавассути инноватсия ва рақамишавӣ: ҳукумати электронӣ ва тиҷорати рақамӣ», ки бо ташаббуси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.
Завқизода З. А. қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ доимо таваҷҷуҳи хосса дода, чунин баён намуданд: «Дар шароити кунунӣ рушди технологияҳои рақамӣ шарти асосии рақобатнокии иқтисодӣ ба шумор меравад».
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рақамигардонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ як қатор корҳои муҳим иҷро карда шуданд.
Аз ҷумла Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, Барномаи савдои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 ва тағйиру иловаҳо ба беш аз 100 санади меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар қабул гардида, мавриди амал қарор доранд.
Дар баробари ин маълумоти мухтасар оид ба рақамигардонии 17 соҳаҳои иқтисоди миллӣ, аз ҷумла рақамикунонии низоми моделсозию дурнамосозӣ, низоми иҷозатномадиҳӣ, бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, роҳхат ва борхатҳои электронӣ, низоми биллингии пардохтҳои неруи барқ, пардохтҳои ғайринақдӣ ва хизматрасониҳои бонкӣ, системаи электронии амалиёти молиявии SGB-net ва таъсиси утоқи шахсии андозсупоранда барои пардохти электронии андозҳо, таъсиси Маркази миллии тестии рақамӣ, низоми ягонаи рақамии иттилоотии идоракунии тандурустӣ, рақамикунонии барориши шиносномаҳои хориҷию дохилӣ ва e-visа, шаҳри ҳушманд бо низомҳои рақамии хизматрасониҳои мусофиркашонӣ ва дигарҳо баён гардид.
Завқизода З. А. қайд кард, ки дар даҳ соли охир суръати рушди иқтисоди рақамӣ нисбат ба рушди иқтисоди ҷаҳонӣ 2,5 маротиба афзоиш ёфта, ҳиссаи иқтисоди рақамӣ ба ҳисоби миёна беш аз 15 фоизи ММД-и глобалиро ташкил дода, ин нишондиҳанда барои кишварҳои алоҳида то 40 фоиз ба мушоҳида мерасад. Ӯ илова намуд, ки ҳаҷми умумии тиҷорати электронӣ дар ҷаҳон аз 17 трлн. доллар дар соли 2016 то 27 трлн. доллар дар соли 2022 ё 1,6 маротиба афзоиш ёфтааст, инчунин истифодабарандагони смартфонҳо аз 1 млрд. адади соли 2014 то 5 млрд. адади соли 2024 ё 5 маротиба зиёд шудааст.
Дар ҷамъбасти суханронӣ Завқизода З. А. дар баробари натиҷаҳои бадастомада ҷиҳати татбиқи самараноки ҳадафу афзалиятҳои Ҳукумати кишвар вобаста ба рақамигардонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ пешниҳодҳои мушаххас манзур намуд.
Дар кори Форум намояндагони роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор, бахши хусусӣ ва шарикони рушд иштирок доштанд.