Навиди Вазорат



Баргузории ҷаласаи навбатии Ситоди байниидоравии доимоамалкунанда оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ

.

  

20 сентябри соли 2024 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ таҳти роҳбарии муовини якуми вазир Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид ҷаласаи навбатии Ситоди байниидоравии доимоамалкунанда оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ дар мавзӯи «Роҳҳои афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии саноатии ба содирот нигаронидашуда» бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Дар оғози ҷаласа Солеҳзода А. А. қайд намуд, ки мақсад аз баргузории ҷаласаи мазкур иҷрои сифатнок ва саривақтии дастуру супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самтҳои ноилшавӣ ба ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва таъмини талаботи бозор бо маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ ва содиротӣ, инчунин таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дар маҷмӯъ таъмини шароити мусоид барои рушди соҳаҳои иқтисоди кишвар мебошад.

Дар ҷаласа аз ҷониби Муовини якуми Вазири саноат ва технологияҳои нав – Қурбонзода И. Я. ва Муовини Директори Агентии содирот – Раҳимзода Б. К. вобаста ба роҳҳои афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии саноатии ба содирот нигаронидашуда маърӯза карда шуд.

Маърӯзаҳои пешниҳодгардида аз ҷониби аъзои Ситод мавриди муҳокимаронӣ ва баррасӣ қарор гирифта, аз натиҷаи ҷаласаи Ситод қарорҳои дахлдор қабул гардид.