Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат ва саноати Давлати Қатар

.

  

2 октябри соли 2024 дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар дар доираи Форуми тиҷоратии Муколамаи Ҳамкории Осиё вохӯрии ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Вазири тиҷорат ва саноати Давлати Қатар Шайх Муҳаммад бин Ҳамад бин Қосим Оли Сонӣ баргузор гардид.

 

Завқизода З. А. қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи роҳбарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар муҳтарам Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ муносибатҳои ду кишвар пайваста рушд карда, ба сатҳи олӣ баромаданд.

Ҳамзамон Завқизода З. А. бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ва пайгирии супоришҳои Ҳукумати кишвар ҷиҳати татбиқи 14 лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ ва 3 лоиҳаҳои афзалиятноки хайриявӣ дар доираи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона даъват ба амал овард.

Вобаста ба ин ҷонибҳо ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок, густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, савдою хизматрасонӣ, содироти молу маҳсулот ва дигар соҳаҳо ба мувофиқа расиданд.

Инчунин Завқизода З. А. Вазири тиҷорат ва саноати Давлати Қатар Шайх Муҳаммад бин Ҳамад бин Қосим Оли Сониро ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Тоҷикистон дар фурсати барояшон мусоид даъват намуд, ки аз он ҷониб бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳор намуданд.