Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Рӯшон
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Қабл аз ҳама, ба кулли мардуми сарбаланди ноҳияи Рӯшон барои дастгирӣ аз сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат, заҳмати содиқона ба хотири пешрафти Ватан ва истиқболи гарму самимӣ изҳори сипос менамоям.
Боиси ифтихор ва хушнудист, ки ба шарофати истиқлоли давлатӣ Ватани азизамон пайваста ободу зебо гардида, ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон, аз ҷумла ноҳияи Рӯшон сол ба сол рушду тараққӣ карда истодаанд.
Ман ҳангоми сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои кишвар аз натиҷаҳои заҳмати ободгаронаву созандаи мардуми ватандӯстамон ҳамеша ифтихор мекунам, зеро мебинам, ки хурду бузурги мамлакат ба шарофати неъмати бебаҳои ҳастии хеш, яъне истиқлолу озодӣ барои пешрафти Тоҷикистони азизамон саъю талош мекунанд.
Аз ҷумла дар ноҳияи Рӯшон барои истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ сохтмону азнавсозии 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст.
То имрӯз, аллакай, 111 иншоот, аз ҷумла 6 корхонаи саноатӣ, 5 иншооти соҳаи маориф, 3 иншооти соҳаи тандурустӣ ва 97 иншооти дигар бунёду таҷдид ва ба истифода дода шудааст, ки беш аз 67 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Қобили зикр аст, ки танҳо дар соли 2023 ва 8 моҳи соли 2024 бо ташаббус ва саҳмгузории соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар ҳудуди ноҳия беш аз 50 километр роҳҳои маҳаллӣ аз таъмир бароварда шудаанд.
Имрӯз мо дар маркази ноҳия майдони Нишони давлатиро ҳамчун рамзи арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ифтитоҳ намудем.
Инчунин, дар маркази ноҳия бинои Маркази рушди кӯдак барои 120 ҷой ва дар деҳаи Баррӯшон бинои муассисаи томактабӣ барои 120 кӯдак ба истифода дода шуд.
Барои фарогирии 240 нафар кӯдакон шароити замонавӣ муҳайё кардан иқдоми хуб ва қобили таҳсин мебошад.
Корхонаҳои коркарди меваи хушк, истеҳсоли обҳои ташнашикан, консерва ва гармхонаи муосир, ки имрӯз ба фаъолият оғоз карданд, барои таъсиси даҳҳо ҷойи нави корӣ ва таъмин намудани бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ саҳми арзишманд мегузоранд.
Илова бар ин, мо имрӯз бо лоиҳаҳои бунёди бинои панҷошёнаи истиқоматӣ бо 24 ҳуҷра барои хизматчиёни давлатӣ ва як корхонаи истеҳсолӣ шинос шудем.
Бо истифода аз фурсат, ман ба ҳамаи соҳибкорону сармоягузорон, шахсони саховатпеша ва сокинони ноҳия, ки дар корҳои ободониву бунёдкорӣ саҳми ватандӯстона гузошта истодаанд, миннатдорӣ баён менамоям.
Зеро иқдому ташаббусҳои онҳо симои марказ ва деҳоти ноҳияро хеле дигаргун намуда, боиси боз ҳам беҳтар шудани шароити зиндагии сокинон мегарданд.
Ҳукумати мамлакат, дар навбати худ, бо мақсади таъмин намудани рушди бомароми ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон, аз ҷумла ноҳияи Рӯшон тамоми захираву имкониятҳоро сафарбар карда, дар ин раванд, лоиҳаҳои бузурги сармоягузории давлатиро амалӣ намуда истодааст.
Шоҳроҳи байналмилалии Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади Рӯшон аз ҷумлаи чунин лоиҳаҳо мебошад, ки имрӯзҳо татбиқи он босуръат идома дорад.
Яъне соли оянда мо ин шоҳроҳро то сарҳади ноҳияи Рӯшон ифтитоҳ намуда, барои ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистони маҳбубамон лоиҳаҳои минбаъдаро амалӣ месозем.
Ҳамчунин, роҳҳои Рӯшон то деҳаи Варшези ноҳияи Шуғнон (235 километр), аз Варшез то гузаргоҳи Кулма – Қарасу (300 километр) лоиҳаҳои муҳимме мебошанд, ки Ҳукумати мамлакат ҳоло ҷиҳати дарёфти сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои корҳои лоиҳакашии онҳо корбарӣ карда истодааст.
Арзиши лоиҳаи бунёду азнавсозии роҳи Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади Рӯшон 2,5 миллиард сомонӣ ва ду лоиҳаи дигари зикршуда, яъне Рӯшон – деҳаи Варшези ноҳияи Шуғнон ва Варшез – гузаргоҳи Кулма – Қарасу 8,3 миллиард сомониро ташкил медиҳад.
Илова бар ин, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар давоми 33 соли соҳибистиқлолии кишвар беш аз 1,1 миллиард сомонӣ равона карда шудааст.
Дар ин давра, танҳо барои пӯшонидани хароҷоти буҷети ноҳия ва маблағгузории соҳаҳои мухталифи иҷтимоиву иқтисодии он аз буҷети ҷумҳуриявӣ 511 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.
Ҳамзамон бо ин, ҳоло амалисозии барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Рӯшон барои солҳои 2021 – 2025 идома дорад, ки дар он 60 лоиҳа ба маблағи умумии 103 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Ин лоиҳаҳо барои боз ҳам беҳтар гардидани шароити инфрасохтори ноҳия, бунёди иншооти истеҳсоливу хизматрасонӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ равона шудаанд.
Вале то имрӯз ҳамагӣ 21 лоиҳа ё 35 фоизи барномаи зикршуда татбиқ гардидааст, ки андешидани тадбирҳои иловагиро аз ҷониби роҳбарияти вилоят, ноҳия ва вазорату идораҳои марбута тақозо менамояд.
Ҳозирини гиромӣ!
Масъалаи рушди бахши хусусӣ зери таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат қарор дорад, зеро саҳми он дар татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар хеле муҳим мебошад.
Субъектҳои соҳибкорӣ дар пешрафти соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва корҳои ободониву бунёдкорӣ, хусусан, дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ нақши назаррас доранд.
Қобили зикр аст, ки соҳибкорони ноҳия дар доираи ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар ҷиҳати ташкили корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ кӯшиш намуда, танҳо дар ҳашт моҳи соли 2024-ум 9 корхонаи нави саноатӣ таъсис додаанд ва ҳоло шумораи умумии корхонаҳо ба 16 расидааст.
Бояд гуфт, ки соли 2022 дар ноҳия ҳамагӣ 4 корхона фаъолият мекард.
Дар ду даҳсолаи охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ноҳия ду баробар ва номгӯйи он аз 6 ба 18 афзудааст.
Танҳо дар моҳҳои январ – августи соли 2024 дар ноҳия ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20 фоиз афзудааст.
Ин нишондиҳандаҳо, албатта, хуб мебошанд.
Вале дар ноҳия захираву имкониятҳои истифоданашуда, хусусан, дар соҳаҳои коркарди маъдан, истеҳсоли сангҳои ороишиву сохтмонӣ, коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ ва дар ин замина афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти гуногун ва рушди ҳунарҳои мардумӣ хеле зиёд мебошанд.
Хотиррасон менамоям, ки тибқи нақшаи корҳои созандагӣ то ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди ноҳия бояд на кам аз 10 корхонаву коргоҳи нави истеҳсолӣ бунёд карда шавад.
Бинобар ин, роҳбарияти вилоят ва ноҳия, намояндаи Ҳукумати мамлакат вазифадоранд, ки якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҷиҳати истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда барои рушди саноат тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Тайи 33 соли соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Рӯшон дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 25 иншооти энергетикӣ ба маблағи 121 миллион сомонӣ бунёду таҷдид ва ба истифода дода шудааст.
Ҳоло сохтмони хатти интиқоли барқи дузанҷираи 35 ва 110-киловолтаи «Буни – Рӯшон» дар ҳудуди вилоят ва сохтмони зеристгоҳи «Ҷангал» дар наздикии деҳаи Вомари ноҳияи Рӯшон идома дорад, ки дар вақтҳои наздиктарин ба анҷом расонида мешавад ва имконияти интиқоли муназзами неруи барқ ба ноҳия бамаротиб баланд мегардад.
Инчунин, корҳои лоиҳакашӣ барои сохтмони 42 километр хатти интиқоли барқи 110-киловолта аз маркази ноҳия то зеристгоҳи «Вознавд» ба анҷом расидаанд ва бунёду ба истифода додани он то охири соли 2025 ба нақша гирифта шудааст.
Ҳозирини гиромӣ!
Рушди соҳаи кишоварзӣ ва дар ҳама фаслҳои сол бо маҳсулоти озуқаворӣ таъмин намудани бозорҳои дохилӣ аҳаммияти стратегӣ дошта, аз ҳар яки мо истифодаи самаранок ва оқилонаи имкониятҳоро дар ин самт тақозо менамояд.
Ҳукумати мамлакат ҷиҳати фароҳам сохтани шароити мусоид барои рушди соҳа ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ пайваста чораҷӯӣ карда истодааст.
Бо дастгириҳои Ҳукумат ва дар натиҷаи заҳмати пурмаҳсули кишоварзон дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияи Рӯшон мунтазам мунтазам рушд ёфта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар соли 2023 ба 108 миллион сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба соли 2000-ум 10 баробар зиёд мебошад.
Истеҳсоли ғалладонагиҳо дар муқоиса бо солҳои аввали соҳибистиқлолӣ 3,3 баробар, картошка 5,2, сабзавот 6,7, мева 6,6, истеҳсоли гӯшт 1,5, шир 2 ва тухм 119 баробар зиёд гардидааст.
Дар якуним соли охир 46 гектар заминҳои бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуда, 10 ҳазор бех дарахти павлония шинонда шудааст ва илова бар ин, дар майдони зиёда аз ду гектар гармхона бунёд гардидааст.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи чорводории ноҳия низ рушд ёфта, тибқи маълумоти оморӣ дар соли 2024 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия нисбат ба соли 1991 саршумори чорвои калон 48 фоиз, аз ҷумла чорвои ширдеҳ 1,5 баробар, қутос 1,6 баробар, чорвои майда 53 фоиз ва паранда 12 баробар зиёд шудааст.
Дар баробари ин, хотиррасон месозам, ки иқлими ноҳияи Рӯшон барои рушди соҳаи растанипарварӣ мусоид буда, метавонад дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ нақши муҳим гузорад.
Бинобар ин, зарур аст, ки ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва истифодаи оқилонаи ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ ва дар ин замина зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Ҳамватанони азиз!
Дар ноҳияи Рӯшон тайи даврони соҳибистиқлолӣ 29 бинои муассисаи таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ бо 3700 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудаанд.
Мехоҳам бо қаноатмандӣ иброз намоям, ки дохилшавии хатмкардагони мактабҳои ноҳия ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар соли таҳсили 2023 – 2024-ум 91,5 фоизро ташкил додааст.
Соли ҷорӣ тибқи квотаи президентӣ аз ноҳия 16 нафар, аз ҷумла 8 нафар духтарон ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар дохил шудаанд.
Умуман, дар зарфи солҳои истиқлоли давлатӣ аз ноҳияи Рӯшон тавассути квотаи президентӣ 460 нафар соҳиби ихтисос гардида, ҳоло дар соҳаҳои гуногун фаъолият карда истодаанд.
Дар баробари пешравиҳои зикршуда, дар муассисаҳои таълимии ноҳия як қатор мушкилоти ҳалталаб, аз ҷумла норасоии лавозимоти озмоишгоҳӣ, кабинетҳои фаннӣ, таъмин набудани баъзе мактабҳо бо гармӣ ва дар ҳолати садамавӣ қарор доштани 9 бинои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мавҷуданд, ки андешидани тадбирҳои иловагиро талаб менамоянд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илм бояд ҷиҳати беҳтар кардани шароити таълиму тарбия ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таълим чораҷӯӣ намоянд.
Ҳамчунин, зарур аст, ки дар самти беҳтар кардани шароити муассисаҳои тиббӣ, таъмин намудани онҳо бо кадрҳои баландихтисос ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Ҳамдиёрони азиз!
Тавре ки мушоҳида мегардад, ноҳияи Рӯшон дар натиҷаи амалӣ гардидани тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат ва албатта, заҳмати софдилонаи мардум хеле ободу зебо ва пешрафта гардида, сатҳу сифати зиндагии сокинони он торафт беҳтар шуда истодааст.
Барои идома додани ин раванд, яъне боз ҳам беҳтар гардонидани шароити зиндагии ҳар як оила мо бояд бештар заҳмат кашем, захираву имкониятҳои мавҷударо самаранок истифода барем, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд намоем ва ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол кунем.
Дар ин раванд, зарур аст, ки ба масъалаи муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ, аз ҷумла тавассути рушд додани ҳунармандиву косибӣ, дӯзандагиву бофандагӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ эътибори ҷиддӣ зоҳир карда шавад.
Мо бояд суннатҳои неки миллӣ ва хусусан, сарфаю сариштакориро риоя намуда, фарзандонамонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ тарбия кунем.
Илова бар ин, ҳар яки мо бо дарназардошти вазъи ноороми ҷаҳони имрӯза ҳамеша ҳушёру зирак ва барои ҳимояи манфиатҳои миллату давлатамон омода бошем.
Бовар дорам, ки мардуми ватандӯсту матиниродаи ноҳияи Рӯшон дар ҷодаи ҳифзи дастовардҳои таърихии халқамон, ҳимояи манфиатҳои давлати соҳибистиқлоламон ва миллати куҳанбунёдамон, ободии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон минбаъд низ бо ҳисси баланди миллӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ кору фаъолият мекунанд ва бо заҳмати содиқонаву софдилонаи худ ин гӯшаи сарзамини аҷдодиамонро боз ҳам ободу пешрафта мегардонанд.
Дар интиҳо ба кулли мардуми меҳмоннавозу сарбаланди ноҳия ва ҳамаи шумо – ҳозирини арҷманд – саломатӣ, хонаи обод ва барори кор мехоҳам.
Ҳамеша хушбахту пирӯз бошед, ҳамдиёрони азиз!