Навиди Вазорат



Мулоқоти Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо бо ҳайати Шаҳри Ланчжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин

.

  

15 октябри соли 2024 вохӯрии Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид бо Котиби кумитаи ҳизби шаҳри Ланьчжоу Чжан Сяоцян баргузор гардид.  

 

Дар рафти мулоқот Солеҳзода А. А. ќайд намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва иродаи олии сиёсии роҳбарони ҳарду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ҳамкориҳои стратегии кишварҳои мо ба сатҳи сифатан баланд баромаданд.

 Муовини якуми Вазир аз рушди босуръати робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид кард, ки Чин дуввумин шарики тиҷоратии Тоҷикистон буда, дар фаъолияти сармоягузорӣ дар қаламрави кишвар нақши муҳим дорад. Сармоягузории Чин бахшҳои асосии иқтисоди миллиро фаро гирифта, ба рушди он саҳми назаррас мегузорад.

Дар доираи мулоқот имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардида, самтҳои афзалиятнок барои сармоягузорони хориҷӣ, аз ҷумла рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ, пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ ва маъмурӣ, инчунин лоиҳаҳо дар соҳаи истихроҷи ангишт ва газ, истеҳсоли панелҳои офтобӣ, сохтмони заводҳои металлургӣ ва нерӯгоҳҳои барқии офтобӣ равона карда мешаванд.

Дар натиҷаи мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва рушди лоиҳаҳои нав, ки ба таҳкими шарикии ду кишвар мусоидат мекунанд, изҳор намуданд.